Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ваксинаи "Спутник V" ба Эрон расид

Нахустин бастаҳои ваксинаҳои “Спутник V” имрӯз 5 феврал тавассути ҳавопаймо ба фурудгоҳи Эрон расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Имрӯз ҳавопаймои ҳомили ваксинаи "Спутник V", ки сохти Русия мебошад, дар Эрон ба замин нишаст.
Нахустин маҳмула аз ваксинаҳои корона аз фурудгоҳи Маскав дар Русия бо парвози ҳавопаймои Моҳон имрӯз дар фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ‌ ба замин нишаст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Оё ваксинаи "Спутник V" ҳалол аст? муфтиёти Русия санҷиду посух дод
Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон қарор аст, ваксинаҳои "Спутник V" бо се парвоз вориди Эрон шавад.
Қозими Ҷалолӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия имрӯз гуфт: Маҳмӯлаи дувум то охири баҳманмоҳи имсол ва маҳмӯлаи сеюм то 10 исфандмоҳ роҳии Теҳрон мешавад. Ин раванд ҳар ду ҳафта ва як моҳ як бор идома хоҳад ёфт.
Ҷалолӣ бо баёни ин ки ваксинаи русии "Спутник V" дар беш аз 16 кишвар аз ҷумла Эрон сабт шуда аст, афзуд Эрон шонздаҳумин кишваре буд, ки ин ваксинаро ҳафтаи гузашта сабти ном кард.
Дар Олмон мегӯянд, ваксинаи "Спутник V" дар воқеъ Ғарбро дар ҳайрат гузошт
Натиҷаҳои марҳалаи охири озмоиши инсонии ваксинаи Русия нишон медиҳад, ки ин ваксина дар қиёс бо намунаҳои амрикоӣ ва ғарбӣ бехатар ва асарбахшии он 91,6 дарсад аст .
Ин мутолиа, ки дар нашрияи LANCET мунташир шуд, рӯй беш аз 20 ҳазор нафар анҷом шуда аст. Ҳамчунин 75 дарсади афроди ширкаткунанда дар ин мутолиа ваксинасияи "Спутник V" дарёфт кардаанд.