Русия замимаи ягона барои муҳоҷиронро фаъол мекунад

Дар Русия ба наздикӣ замимае фаъол хоҳад шуд, ки имкон медиҳад бархе аз масоили муҳоҷират қабл аз вуруд ба кишвар ҳал гарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Михаил Мишустин, раҳбари ҳукумати Русия, дар бораи таҳияи замимаи ҷадид зери унвони “Кор дар Иттиҳоди АвруОсиё” хабар дод, ки ба гуфтаи ӯ барои осон кардани муҳоҷирати меҳнатӣ равона шудааст.
Мақомоти Иркутск ба вуруди гурӯҳи дувуми муҳоҷирон аз Тоҷикистон иҷозат дод
Сарвазири Русия ин нуктаро зимни анҷумани “Таҷдиди рақамӣ: ҷаҳиш ба воқеияти нав” дар Қазоқистон таъкид кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, сатҳи рушди рақамии ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Русия то пандемия имкон дод, ки роҳҳои ҳал на танҳо барои шаҳрвандони Русия, балки барои муҳоҷирони меҳнатӣ низ ироа карда шаванд.
Сарвазири Русия тавзеҳ додааст, ки замимаи ҷадид имкони ҳалли масоили марбут ба кору иқомат дар кишварро фароҳам мекунад.
Аз ҳама муҳимаш он мебошад, ки ин замима имкон медиҳад, муҳоҷир то сафараш ба Русия бидуни “хизмати миёнаравҳо” масоили марбути кору иқоматро ҳал намояд.
“Мо интизор дорем, ки замимаи ягона низомҳои миллии хадамоти муҳоҷиратро фаро гирад ва мо аллакай ба татбиқи он оғоз кардем, то вуруд бидуни мушкил сурат гирад. Ба фикрам, ин хадамоти хубе барои ҳамаи хоҳишмандони корёбӣ дар кишварҳои мо мебошад”, - изҳор дошт Михаил Мишустин.
Ӯ инчунин қайд кард, ки имрӯз кишварҳое, ки пойгоҳҳои рақамии худиро надоранд, ба хатари вобастагии иттилоотӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аз пойгоҳҳои рақамии бегонаҳо рӯбарӯянд.