Русия боз ба Тоҷикистон ваксин ирсол мекунад

Русия мехоҳад ба Тоҷикистон боз 1000 вояи ваксинаашро ирсол кунад: низомиёни пойгоҳи 201 ва хонаводаҳои онҳо метавонанд аз он истифода баранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон қисми дуввуми ваксинаи коронавируси Русия "Спутник V"-ро ба даст меорад, изҳор дошт фармондеҳи Қӯшунҳои Округи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Александр Лапин.
Аврупо ба "Спутник V" бовар кард: Олмон барои истеҳсоли ваксина замина омода кард
Дар мулоқот бо низомиён Лапин таъкид кард, ки то охири феврал дар пойгоҳи 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон, боз 1000 воя интиқол дода мешавад.
"Дар моҳи феврал ба пойгоҳ боз як қисми дигари ваксинаи коронавирус ворид карда мешавад, ки аз 1000 воя иборат аст. Аз он чӣ низомиён ва чӣ хонаводаҳои онҳо метавонанд истифода баранд", - гуфтааст вай.
Ба қавли намояндаи Округи марказӣ, қисми аввали ваксинро моҳи январ ба пойгоҳ расониданд. Он аз 1,1 ҳазор воя иборат буд.
Нахуст низомиён ва ҳайати фармондеҳии пойгоҳи 201 эм карда шуданд. Эмгузаронӣ комилан ихтиёрӣ сурат гирифт.