ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ёдрас мешавем, ҳанӯз моҳи апрели соли 2019 84 кӯдаки тоҷик аз кишварҳои ҷангзодаи арабӣ - Ироқ ва Сурия баргардонида шуданд.
"Бо онҳо чӣ шуд?", - пурсон шуданд рӯзноманигорон.
Ҳабибуллозода дар посух ба ин суол гуфт, ки ҳама таҳти ҳимояи давлат қарор доранд ва масъулин аз ҳолашон хабар мегиранд.
"Бо он далел, ки соли 2020 пандемия буд, мо низ ба хотири ҳифзи онҳо аз беморӣ, камтар хабарашон мегирифтем. Лекин чанд маротиба дар он муассисаҳое, ки нигоҳ дошта мешаванд, будем", - қайд кард ваколатдор.
Вай афзуд, то ҳол масъалаи баргардонӣ баррасӣ мешавад, аммо давлат ба қароре наомадаст, ки кӯдаконро ба хешовандонашон диҳанд.
"То ҳол нафаре аз кӯдакон ба наздиконашон бар гардонида нашудаанд. Ин масъала омӯзишро тақозо мекунад. Инҳо кӯдаконе ҳастанд, ки модаронашон дар муассисаҳои ислоҳи ҷазо дар кишварҳои арабӣ қарор доранд", - таъкид кард хонум Ҳабибуллозода.
Вай афзуд, давлат кафолат гирифтааст, ки орнҳоро тарбия мекунад.
Дар ҳамин ҳол, пештар низ масъалаи баргардонидани кӯдакон ба наздиконашон расонаӣ мешуд, аммо мақомот мегуфтанд, ки ҳоло ба як хулоса наомадаанд.
Пештар гузориш дода шуда буд, ки аз 84 кӯдак - 44 нафарашон аз 1 то 4-сола мебошанд ва дар муассисаҳои томактабӣ қарор доранд. зз нафарашон хонадагони синфи аз 1 то 9 будаанд, тарбияти онҳо ба зиммаи Вазорати маориф гузошта шудааст. Боқимондаҳо, ки аз 18-сола боло будаанд, ба Вазорати меҳнат вобаста шудаанд.
Мақомот мегӯянд, ҳарчанд кӯдакон ба наздиконашон дода нашудаанд, дидорбинӣ бо онҳо манъ нест ва метавонанд аз аҳволашон хабар гиранд.