Мақомот: соли 2020 дар Хатлон сатҳи фарзандхонӣ кам шуд

Дар вилояти Хатлон соли 2020-ум 446 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шуданд, ки ин нисбат ба соли 2019 69 ҳолат камтар будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik.  Дар ин бора сомонаи “Фараж” дар истинод ба Шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон хабар додааст.
Дар Тоҷикистон шумораи тӯю талоқ замони пандемия коҳиш ёфт
Гуфта шудааст, ки масъулони ниҳоди мазкур гуфтанд, дар ин сол 2 ҳазору 414 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаст, ки ин рақам нисбат ба соли 2019-ум 226 ҳолат кам аст.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дар вилоят дар соли 2020-ум 10 ҳолати бастани ақди никоҳи сокинони  вилоят бо хориҷиҳо сабт гардидаст.
Дар ҳамин ҳол манбаъ иттилоъ надодааст, ки сокинони Хатллон бо шаҳрвандони кадом кишварҳо ақди никоҳ бастаанд.
Дар Хатлон 33 мактабхон даст ба худкушӣ заданд
Бастани ақди никоҳ дар умум 24 ҳазору 782 ҳолатро ташкил медиҳад ва ин шумора низ нисбати соли гузашта наздики 5 ҳазор кам аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари кам шудани дигар сабтҳо мутассифона сабти вафот дар вилоят зиёд шудаст. Дар соли 2020 дар сатҳи вилоят 14 ҳазору 244 сабти вафот ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 2 ҳазору 827 ҳолат зиёд аст.