Акнун дар фурудгоҳҳо ва маконҳои оммавӣ гузаштан доштани санади манфии тести коронавирус лозим нест, чун минбаъд бемории инсон тавассути бӯй муайян крада мешавад.
Масалан дар Олмон барои анҷоми ин кор сагҳоро омӯзонидаанд. Саг метавонад дар давоми чанд дақиқа муайян созад, ки мусофир гирифтори коронавирус аст ё не.
Маълум шуд, ки чунин сагҳо дар ҷаҳон зиёданд. Аввал онҳо барои муайян крадани бемориҳо аз қабили: саратон, бемории замбуруғӣ ва ҳатто сатҳи шакар дар хун.
Акнун ба ин рӯйхат бемории COVID - 19 ҳам илова мешавад.
Чӣ гуна муайян крадани беморӣ сурат мегирад?
Барои муайян кардани гирифтории инсон ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 саг бояд оби даҳони инсонро бӯй кунад ва дар давоми чанд дақиқа бемор будани инсонро муайян мекунад.
Инро дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.