Аввал ҷодуро дар гӯристон ҷо мекард, сипас меёфт: боздошти фолбин - навор

Як ҷавони 26-сола дар Душанбе роҳи нави пулкоркуниро "ихтироъ" кард: ӯ худро фолбин муаррифӣ намудаву ҷодуро дар хонаҳои мардум ҷой медод, сипас онро ёфта додаву барои ин "хизматаш" пули калон мегирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ҷаҳонгир Бобомуродов ном ҷавоне дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо роҳи мардумфиребӣ маблағ ба даст меовардааст.
Гуфта мешавад, Ҷаҳонгири 26-сола, сокини ноҳияи Варзоб ба Душанбе омада, худро фолбину ҷинбарор муаррифӣ карда, нафаронеро, ки ба бовариаш медароманад, фиреб мекардааст.
"Дастгиршуда худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, бо макру ҳила ашёи барои сеҳру ҷоду истифодашавандаро худ омода ва дар қабристону манзили истиқоматкунандагон пинҳон мекардааст. Баъдан муроҷиаткунандаро бовар мекунонидааст, ки ӯро сеҳру ҷоду кардаанд, ва барои боварӣ ашёи қаблан пинҳоннамудаашро бароварда, гӯё сеҳру ҷодуро тоза мекардааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар навори омодакардаи ВКД як ҷавони аз дасти Бобомуродов фиребхӯрда, дар амалҳои боздоштшуда нақл мекунад.
"Мо ошхона дорем. Рӯзе як шиносамон дуто ҷодугарро оварданд. Онҳо гуфтанд, ки дар ҳамин ҷо панҷто тӯмор ҳаст. Онҳо маро барои об равон карданд, ман об овардам. Баъди омадани ман тӯморро кофтанду ёфтанд ва барои ин хизматашон 1600 сомонӣ гирифтанд. Вақте рафтанд, аз камераҳои мушоҳидавӣ дидам, ки ёфтаашонро худашон партофта будаанд", - тавзеҳ медиҳад вай.
Худи боздоштшуда ҳамчунин нақл мекунад, ки чигуна дар манзили сокинон қуфлу бастаҳоро ҷой медоду рӯзи дигар рафта, онро пайдо мекард.
"Экстрасенс" из Таджикистана, оперативная съемка
"Рӯзе марде сурат овард. Вақте берун рафт, яктои онро гирифтам ва ба қабристон рафта онро ба қабри чуқуре партофтам. Рӯзи дигар бо ҳамон одам рафта, суратро аз дохили чуқурӣ баровардам", - мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол ҷавони боздоштшуда ба сокинони муроҷиат мекунад, ки ба нафарони мисли вай бовар накунанд.
Ба иттилои ВКД нисбати ҷавон тибқи моддаи 247, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда тафтишот идома дорад.
Бо пиёзу қуфл ва шамъу испанд ҷоду мекард: фолбини 49 - сола боздошт шуд - навор
Ин қисми моддаи мазкур  ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои
ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.