ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозод амегӯяд, иштибоҳи асосии нафароне, ки мехоҳанд фарзанд гиранд, ин надоштани маълумоти муфассал ва ҳамчунин муроҷиат накардани онҳо ба мақомоти марбута аст.
Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳолатҳое, ки кӯдакфурӯшӣ ба хотири истисмори онҳо анҷом шавад, комилан мавҷуд нест.
Дар аксар мавридҳо, оилаҳои бефарзанд аз пайвандон ё ҳамсояҳои худ кӯдаконро мегиранд. Вале ба иштибоҳе, ки дар ин самт роҳ медиҳанд, ки пешакӣ муроҷиат накардан ба додгоҳ ва ҳамчунин ба намояндагони Раёсати ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон аст.
Ӯ иқрор шуд, ки ҳастанд ҳолатҳое, ки кӯдакро бинобар бад будани шароити зиндагӣ бар ивази пул ба нафари дигар мефурӯшанд, вале "ин амалро ҳеҷ гоҳ бояд ҳамчун кӯдакфурӯшӣ ба хотири истисмори ӯ қабул накунем".
Омбудсмени кӯдак мегӯяд, ба онҳо оилаҳои зиёд муроҷиат мекунанд, ки фарзанди хоҳар ё бародари худро гирифта, дар омода намудани ҳқҷҷати ӯ танқисӣ мекашанд.
"Дар ин сурат мо ба онҳо маслиҳат медиҳем, ки қабл аз гирифтани кӯдак бояд нахуст тамоми расмиётро ба ҷо овард ва сипас фарзандро гирифт".
Ҳабибулозода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аксар шаҳрвандон аз рӯи надоштани маълумот ва ҳамзамон муроҷиат накардан ба мақомотҳои марбута, ба кӯдакфурӯшӣ муттаҳам ва дар натиҷа зиндонӣ ё ҷаримабандӣ мешаванд.
"Дар ҳоле, ки ин масъала имкони аз роҳи қонунӣ ҳалли худро пайдо кардан ҳам дорад", - мегӯяд ваколатдори ҳуқуқи кӯдак.