ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ба гуфтаи масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, камбудиҳо дар сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ нисбат ба солҳои пешин кам шудааст, аммо камбудиҳо то ҳол тақрибан, ки дар аксари сохторҳои давлатӣ ошкор мешавад.
Дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 камбудиҳо дар вазорату идораҳо, дар шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ аз 30 то 35% кам шудааст.
“Мехоҳем намехоҳем як фоизи муайян камбудӣ мешавад. Дар ягон ниҳоди давлатӣ кор бе камбудӣ намешавад. Дар Тоҷикистон ҳаст мақомотҳое, ки фоизи ками камбудӣ доранд. Ин бештар ба доштани фарҳанги молиявӣ ҳамон сохтор рабт дорад”.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои масъулини Палатаи ҳисоб, ин ниҳод дар соли гузашта дар вазорату идораҳо, марказу гурӯҳҳоо барои татбиқи лоиаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, корхонаҳо ва дигар идораҳои буҷетӣ 272 санҷишҳои молиявӣ гузаронида ба маблағи 252,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудааст.