ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар ин бора ахиран қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз шаҳрдорӣ.
Ин тадбирро шаҳрдорӣ бар асоси иҷрои Барномаи давлатии рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 рӯйи даст гирифтааст, ки чанде пеш аз сӯйи ҳукумат тасдиқ шудааст.
Аз ин ба баъд номгузории кӯчаву хиёбон, шаҳраку маҳаллаву боғу ҳавзу дарёҳо бояд ҳатман бо шаҳрдорӣ мувофиқа шаванд.
"Номҳои шаҳраку маҳалҳои аҳолӣ нишин, кӯчаҳо хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, кӯлҳо, дарёҳо, иншооти соҳаи тиҷорат, маориф, фарҳанг, инчунин номгузории шахсони ҳуқуқӣ, корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дигар новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва шакли моликият бояд ба кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон пеш аз тасдиқи қарори маҷлиси вакилон халқ барои мувофиқа пешниҳод гардаданд”
Шаҳрдори Душанбе ҳамчунин дастур додааст, ки барои аққалиятҳои миллие, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, давраҳои омӯзишии забони давлатӣ ташкил шавад.
Маблағгузории ин давраҳои омӯзишӣ аз ҳисоби будиҷаи шаҳр сурат мегирад.