Шарҳи Ҷумъахонзода дар бораи моҳҳо банд мондани молу колои соҳибкорони тоҷик

Банд мондани молу колои соҳибкорони Тоҷикистон дар марзи Чин якчанд омилро дорад. Роҳбари Палатаи савдо ва саноат гуфт кадом сабабҳо
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Пандемияи коронавирус яке аз умдатарин сабабҳои банд мондани молу колои тоҷирони тоҷик дар марзи Чин ба ҳисоб меравад, мегӯяд роҳбари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Ҷумъахонзода Ҷамшед.
Ӯ изҳор дошт, ки вақтҳои ахир шикоятҳои зиёд аз соҳибкорон дарёфт мекунанд, ки аз банд мондани молу маҳсулоти харидаи худ дар Чин шиква мекунанд.
Марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон кай боз мешавад?
Номбурда мегӯяд, дар сар задани ин ҳама мушкилиҳо ҷониби Тоҷикистон гунаҳкор набуда, худи Чин ингуна душвориро барои соҳибкорони чандин давлатҳо эҷод мекунад.
Ӯ илова кард, ки ба ин мушкилӣ на танҳо соҳибкорони тоҷик, балки тоҷирони Ҷумҳурии Қирғизистон низ дучор омадаанд.
Ҷумъахонзода мегӯяд, ҳукумати Чин мушкилӣ дар интиқоли молу маҳсулоти соҳибкоронро ҳамоно марбути пандемия арзёбӣ мекунад.
Илова бар ин, Чин дар арафаи Соли нав наздики 2 моҳ куллан ба таътил меравад ва дар ин муддат интиқоли молу маҳсулот аз қаламрави Чин ғайриимкон мегардад.
Роҳбари Палатаи савдо ва саноат мегӯяд, дар замони пандемия дар расмиёти дохилии Чин  барои интиқол додани молу маҳсулот аз як минтақа ба минтақаи дигар, мушкилҳои зиёд пайдо шудаанд.
Аврупо наздик мешавад: Тоҷикистон шаҳодатномаи REX – ро ба даст овард
Ёдовар мешавем, аксар соҳибкорони тоҷик аз банд мондани молу колои худ аз моҳи октябри соли 2020 ба ин сӯ шикоят мекунанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки бо идома ёфтани ин мушкилиҳо, эҳтимол муфлис шаванд.
Роҳбари Палатаи савдо ва саноат зикр кард, ки Тоҷикистон аз мушкилии мавҷуда дар марзи Чин хисороти зиёд дидааст ва расман ҳаҷми зарарро эълон накард.
Ногуфта намонад, ки Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон мебошад ва аксар соҳибкорони тоҷик молу маҳсулоташонро маҳз аз давлати Чин харидорӣ мекунанд.