ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Дар замони пандемия нархи маводи доруворӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳое, ки истеҳсолкунандаи асосии ин навъ мавод ба ҳисоб мераванд, боло ҷаст, гуфт роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ.
Абдулмаҷид Муъминзод дар ҷамъи хабарнигорон аз бешарафии аксар фурӯшандаҳои маводи доруворӣ хабар дода, гуфт "дар шароити мушкили пандемия агар бисёриҳо дар ғами наҷот додани ҷони худу пайвандон қарор доштанд, аксари дигар дар фикри пур кардани ҳамёни худ буданд".
Ӯ мегӯяд, сар аз моҳи апрел, замоне, ки маризии коронаиврус ба Тоҷикистон расид, якбора гарон шудани нархи маводи доруворӣ мушоҳида шуд.
Раҳбари Хадамоти мазкур аз саҳми кормандони прокуратура, вазорати беҳдошт ва кормандони ниҳоди зердасташ дар мӯътадил овардани қимати маводи доруворӣ таъкид намуда, афзуд, ки ҳудуди 100 фурӯшандаи маводи доруворӣ дар робита ба худсарона гарон кардани арзиши дору муайян ва ҷазо дода шуданд.
Абдулмаҷид Муъминзод мегӯяд, нархи маводи дорувориро асосан фурӯшандаҳои мустақил гарон карданд.
Ӯ таъкид намуд, ки ҳоло нархи ин навъ мавод мӯътадил шудааст ва дар самти якнавохт нигоҳ доштани арзиши дору, мақомоти марбута ҳамарӯза санҷишу таҳлилҳо баргузор мекунанд.
Аз гаронии нархи маводи доруворӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум шадидан изҳори нигаронӣ мекарданд.
Доруи "Арбидол", ки пизишкон ҳинни авҷ гирифтани ин маризӣ дар Тоҷикистон бисёр тавсия медоданд, аз 50 сомонии нархи аввала то 250 сомонӣ гарон шуд.
Ба мисли ин дору, номгӯи чандин табҳои дигар низ ба ҳадде гарон шуд, ки мардумро ночор кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳафта мешавад, ки ин маризӣ дигар сабт нашудааст.