Дар мошини Ёрии таъҷилӣ ҷон дод: Зиёдаи 65-сола дар Душанбе зери чархи боркаш афтод

Зани 65-солае дар Душанбе дар пайи садамаи як худрави боркаш ба ҳалокат расидааст. Ҷабрдида дар мошини ёрии таъҷилӣ дар роҳ ба беморхона ҷон додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон менависад, ҳодисаи мазкур субҳи дувуми феврал дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе рух додааст.
Дар натиҷаи садама, мутаассифона, зани 65-сола, сокини шаҳри Душанбк ҳалок шудааст.
Ҳалокати фоҷеабори мотосиклрони 56-сола дар Фархор
Тавре манбаъ қайд мекунад, ронандае, ки 38 сол доштаву сокини ноҳияи Данғара будааст, аз ӯҳдаи идораи мошини боркаш набаромад.
Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт
"Самариддин Исуфалиев ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт ба самти кӯчаи Кари Манн, дар ҳудуди кӯчаи М. Маҳмадалиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт, автомашинаи боркашии тамғаи "Шанхи" набаромада, пиёдагард Довудова Зиёдаи 65-соларо пахш кардааст", - менависад ВКД.
Таъкид мешавад, ки барои наҷоти ҷароҳатбардошта мошини Ёрии таъҷилӣ ҳозир шуда, вале мутаассифона зан дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.
ВКД мегӯяд, тафтиши ҳодиса идома дорад.