Вазорати тандурустӣ гуфт, воридшавии навъи "бритониёӣ" -и COVID-19 назорат мешавад

Роҳбари Вазорати тандурустӣ фаъолияти фурудгоҳро оид ба ташхиси коронавирус, алахусус барои муайян кардани навъи "бритониёӣ" -и COVID-19 тафтиш кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ, бо назардошти он, ки “штамми бритониёӣ”-и бемории коронавирус дар як қатор кишварҳои олам ба қайд гирифта шудааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ аз  интиқоли ин навъи сироят ба мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Дар Ӯзбекистон нахустин гирифтори навъи "бритониёӣ"-и COVID-19 ошкор шуд - видео
Бо ин мақсад вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе рафта, бо нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19-и фурудгоҳи мазкур шинос гардид.
Гуфта мешавад, дар нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷиҳати муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, “штамми бритониёӣ”-и коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки табибон дар он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда истодаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар дигар фурудгоҳҳои кишвар низ чунин нуқтаҳои гирифтани ташхиси бемории коронавирус фаъолият намуда истодаанд, ки ҳар ҳар нафаре аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мегардад, аз муоинаи табибон гузаронида мешавад.
Ҳамзамон, дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар низ нуқтаҳои гирифтани ташхиси бемории коронавирус ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, ки ҳар нафари ба Тоҷикистон воридшуда аз ташхис гузаронида мешавад.
Вазорат мегӯяд, бо вуҷуди он, ки аз оғози моҳи январи соли равон дар кишвар бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар самти пешгирӣ ва табобати бемории мазкур тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодааст.