ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби сомониро нисбат ба рубли русӣ ва евро тақвият дода, арзишҳоро ба нишондиҳандаҳои соли гузашта наздик кард.
Дар баробари ин, қурби доллар дар кишвар то ҳол суботи хубро нишон медиҳад.
Ҳамин тавр, имрӯз тибқи нишондоди Бонки миллӣ як доллар дар Тоҷикистон 11,3018 сомонӣ арзиш дорад.
Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он рӯз ба рӯз ба таври назаррас суст мешавад. Ин ниҳод қурби як евро барои сеюми февралро 13,6063 сомонӣ муқаррар кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта як евро 13,72 сомонӣ арзиш дошт.
Рубл дар баробари пули миллӣ пас аз суқути такрорӣ мавқеи нисбатан оромро нишон медиҳад. Имрӯз ҳазор рубл дар Тоҷикистон 0.1486 сомонӣ арзиш дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.
Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.