Русия парвозҳоро бо ду кишвари дигар ба роҳ монд

Ҳукумати Русия эълом кард, ки ба далели муътадил шудани вазъи пандемия парвозҳо бо чанд кишвари дигар аз сар гирифта мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Русия парвозҳоро бо ду кишвари дигар аз сар мегирад. Дар ин бора ҳукумати кишвар хабар додааст.
Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав
Ҳамин тариқ, Русия ҳаракати ҳавоиро бо Озарбойҷон ва Арманистон ба роҳ мемонад.
Ҳукумати Русия шарҳ додааст, ки парвозҳо байни кишварҳо аз 15 феврал оғоз мешаванд.
Қарор дар бораи барқарор кардани парвозҳо бо сабаби беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ гирифта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир, сокинони Федератсияи Русия имкони парвоз ба зиёда аз 15 кишвар аз қабили Беларус, Миср, Қазоқистон, Куба, Қирғизистон, АМА, Сербия, Туркия, Танзания, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайраро доранд.
Қаблан дар бораи эҳёи иртиботи роҳи оҳан байни Русия ва Беларус маълум шуд.
Роҳандозии парвозҳо бо ин ду кишвар дар пайи беҳбуди вазъи пандемия дар ҳолест, ки Тоҷикистон низ аз пирӯзии комил ба ин беморӣ хабар дод, аммо то кунун иттилое дар оид ба лағви маҳдудиятҳо дар ин масир нест.
Ҳаракати ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон ҳанӯз барқарор нашудааст. Дар пасманзари пандемияи коронавирус, Федератсияи Русия охири моҳи март парвозҳоро бо дигар кишварҳо қатъ кард. Танҳо парвозҳои чартерӣ амал мекунанд.
Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард
Ҳамзамон, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо истифода аз хатсайрҳои чартерӣ ба ватан баргарданд. Мақомоти ҳарду кишвар музокиротро дар бораи аз саргирии парвозҳои мунтазам аз тобистони соли 2020 идома медиҳанд, аммо то кунун ҳосили ин талошҳо норушан аст.