Порагирӣ дар пандемия: табибони дастгиршударо дубора ба кор баргардонданд

Мақомоти Хатлон ахиран эълон кардаанд, ки соли гузашта 41 корманди соҳаи тандурустии вилоят, барои амалҳои коррупсионӣ боздошт шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ахиран сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Раҷабзода Мирзоалӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 41 нафар корманди соҳаи тандурустии вилоят барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ дастгир шудаанд.
Табиби маҳбаси Хуҷанд ба гумони порагирӣ дастгир шудааст
Вай илова кард, ки ин шумора метавонад зиёд бошад, аммо то ҳол дар даст ҳамин қадар маълумот аст.
"Аз ин кормандоне, ки даст ба амали ғайриқонунӣ задаанд, қисме аз кор ронда шудаанду қисми дигар духтурон буданд, ки бо сабаби нарасидани табиб онҳо ҷарима ва муҷозот шудаву дубора ба корашон баргаштанд", - таъкид дошт Раҷабзода Мирзоалӣ.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи мансабдор дар вилояти Хатлон барои порагирӣ
Ҳамчунин, сардори Раёсати тандурстии вилояти Хатлон афзуд, ки соли гузашта дар вилоят 18 нафар зан ҳангоми таваллуди фарзанд фавтиданд, ки ин шумора нисбат ба соли пешин 3 ҳолат кам аст. Фавти модарон бештар дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Данғара, Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ ба қайд гирифта шудааст.