Гулзода гуфт, дар Донишгоҳи тиббӣ чанд донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гуфт, дар донишгоҳ намояндагони 14 кишвари ҷаҳон таҳсили илм мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, доимо меафзояд, гуфт ректори ДДТТ, Маҳмадшо Гулзода зимни нишасти хабарӣ.
"Имрӯз дар донишгоҳи тиббӣ 1601 нафар донишҷӯён аз 14 кишвар, аз қабили Канада, ИМА, Ҳиндустон, Латвия, Покистон, Афғонистон, Эрон, Арманистон, Туркманистон, Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон таҳсил мекунанд", - гуфт ӯ.  
Ба гуфти ректор, дар донишгоҳ 1565 хориҷӣ дар бахши бакалавр таҳсил мекунанд, 16 донишҷӯи дигари хориҷӣ дар магистратура, ординатура, аспирантура ва докторантура, 14 нафар дар сатҳи ординатураи клиникӣ таҳсил мекунанд, шаш нафари дигар дар курсҳои омодагӣ таҳсил мекунанд.
Медали тиллои Муътабар Зоидова дар сабқати занҳои ихтироъкор дар Ҷопон
Ба иттилои Маҳмадшо Гулзода, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 12 598 донишҷӯ таҳсил мекунанд.
Зимнан, ҳангоми пандемияи коронавирусӣ, 161 корманди ДДТТ ба пешгирӣ ва табобати COVID-19 ҷалб карда шуданд. Вай афзуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ бо маблағи пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ҳамчунин, донишгоҳ истеҳсоли ду маводи зидди антисептик - "Лавандол" ва "Глисап" -ро оғоз кардааст.
Дар Хоруғ филиали Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон барои довталабон боз мешавад
Дар соли таҳсили ҷорӣ бори аввал дар донишгоҳ таҷрибаомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои вирусология, микробиология, эпидемиология ташкил карда шуд, гуфт ректор.