ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 3 аз рафти корҳои сохтмонии Маркази саломатӣ дар ноҳияи Қубодиён, ки бо маблағгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта мешавад, дидан намуд.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии зимни шиносоӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додан ва вусъат бахшидани корҳои сохтмонии маркази саломатии мазкур аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода, аз рафти фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён низ дидан намуда, баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарияти беморхона супоришҳои мушаххас додааст.
Манбаъ афзуда, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлил ва баррасии вазъи соҳа, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.