ДУШАНБЕ, 2 фев— Sputnik. Олимон аз хуруҷи зуком дар зимистони оянда ҳушдор медиҳанд, гузориш медиҳанд расонаҳо.
Ин метавонад зимистони оянда боиси хуруҷи сирояти ҷиддии зуком шавад.
"Ба паҳншавии зуком, ҳамчунон ба дигар бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ, тадбирҳое, ки ба таври васеъ ба муқобили COVID-19 андешида мешаванд: пӯшидани ниқоб, худмаҳдудкунӣ, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва ғайра таъсир калон мерасонанд", - менависад "Ховар" дар истинод ба "Известия".
Гуфта мешавад, дар натиҷа соли равон воқеан коҳиши бемории зуком мушоҳида гардид.
Аммо, афзудааст манбаъ, агар чораҳои пешгирии сирояти коронавируси нав сабук карда шаванд, табиатан дигар вирусҳои роҳҳои нафаскашӣ, аз ҷумла вируси зуком зудтар паҳн мешаванд.
Дар натиҷа афзоиши бемориҳоро дар муқоиса бо соли 2020 интизор шудан мумкин аст.