ДУШАНБЕ, 2 фев— Sputnik. Убайдулло Акрамов, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар рафти нишасти матбуотӣ бо изҳори таассуф аз вайрон шудани экосистемаи барбҳои барфӣ дар Тоҷикистон гуфт.
Ба қавли ӯ, ҳамлаҳои ҳамасолаи ин ҳайвони ваҳш ба хоҷагиҳои сокинони Бадахшон маҳз аз ҳамин сабаб аст.
"Бабри барфӣ экосистемаи худашро аз даст дода истодааст. Ҳамлаҳои вай ба хоҷагиҳои сокинон - огоҳии ӯ мебошад, ки муҳити маро нарасед", - қайд мекунад Акрамов.
Намояндаи кумита вайрон шудани экосистемаи озодапалангҳои барфиро аз зиёд шудани чорвои мардум медонад. Ӯ мегӯяд, мардуми минтақа ҳайвоноти худро бояд ба саҳро набароранд, дар хона парвариш кунанд.
"Мардум чорворо бояд дар хонаҳошон нигоҳ доранд, онҳо бошанд ба саҳро мебароранд. Дар натиҷа бабри барфӣ аз партови чорво ба маҳалҳо ҳуҷум мекунад. Агар онҳо чорворо ба саҳро набароранд, ҳамин ҳодисаҳои ҳамла рух намедиҳад", - таъкид мекунад вай.
Зимнан, ба гуфтаи Акрамов, дар мамнӯгоҳи Зӯркӯл барои хоҷагии чорво 300 ҳазор гектар ҷудо шудааст, аммо сокинон аз он истифода намекунанд.
Ба гуфтаи намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳамлаи бабри барфӣ аз асри 17 мушоҳида мешавад.
"Чор аср мешавад, ки ба ҳамлаи бабр ба назар мерасад, ӯ беҳуда ҳуҷум намекунад. Маҷбур аст, ки аз хатар ёдрас кунад. Барои ҳамин ҳам на як гӯсфанд, балки 40 чорворо талаф додааст", - таъкид мекунад Акрамов.
Ҷуброн ҳамагӣ 300 сомонӣ
Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасмим гирифтааст, ки ба сокинон барои талафоти чорво ҷуброн пешниҳод кунад. Ба гуфтаи Убайдулло Акрамов ҷубронпулӣ 300 сомониро барои ҳар як сари чорво ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони кумита дар посух ба суоли он ки дар кадом асос ин миқдор маблағ муайян шудааст, гуфтанд, ки "кумита дар доираи имкониятҳои молияш" ин миқдор маблағро медиҳад.
Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи январ хабар дода шуд, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба сокини маҳаллӣ бабри барфӣ хисороти калон расонд.
Озодапаланг ба оғилхонаи сокини ин ноҳия ворид шуда, дасти кам 45 сар ҳайвони шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст.
Зимнан, аз ҷониби кормандони бахши муҳити зист, озодапаланг дастгир гардида, бидуни расонидани осеб ва тибқи коидаҳои бехатарӣ ба минтақаи кӯҳӣ интиқол дода шудааст.