ДУШАНБЕ, 2 феврал - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари кории худ имсол озими Суғд шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд президенти кишварро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пешвоз гирифт.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар Раҳмон дар ифтитоҳи корхонаҳои нав, боғҳо, як қатор иншооти ҷамъиятӣ ширкат варзида, бо сокинон дидору мулоқот кунад ва инчунин дар ҷашнвораи Сада ширкат кунад.
Гуфта мешавад, президенти кишвар замони озими вилоят гаштан ба коргоҳҳои нави истеҳсоли равғани ватанӣ ва як фабрикаи паррандапарварӣ дар минтақаи саноатии шимолу шарқии Хуҷанд рафтааст.
Ҳарду корхонаи бозкардаи Раҳмон "Субҳи Заррин" ва "Назар" бо арзиши беш аз 5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова таъсис дода шудаанд.
Корхонаи нав солона барои бозори Тоҷикистон тақрибан 360 тонна маргарин ва равған истеҳсол мекунад. Ашёи хом асосан аз корхонаҳои коркарди ширии Суғд ворид карда мешавад.
Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фабрикаи парандапарварии “Назар” таъсис дода шуд, ки айни замон дар он зиёда аз 30 ҳазор сар чӯҷаи зоти бройлерӣ парвариш карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40-45 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд.
Дар соли равон бо бунёди боз ду иншооти дигар парвариши чӯҷа дар ин фабрикаи парандапарварӣ ба 100 ҳазор сар расонида мешавад.