Қосим Роҳбар куҷо буд? Бемасъулият нестам, пайи иҷрои кор ҳастам

Қосим Роҳбар, собиқ раҳбари вилояти Суғд, вазири кишоварзӣ ва ҳоло раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон аз чеҳраҳои хабарсози кишвар шарҳ дод, ки чаро вақтҳои ахир дар расонаҳо кам намудор мешавад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев - Sputnik. Номбурда имрӯз зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш гуфт, ки бемасъулият нест ва паси корҳои хизматӣ ҳаст.
Қосим Роҳбар ба бозори “Ҳоҷишариф”-и Бохтар рафту тоҷиронро ба инсоф даъват кард
“Як замон каме бемор будам. Ҳоло пайи иҷрои корҳо ва дастурҳои ҷаноби олӣ ҳастам”,-гуфт, ӯ.
Қосим Роҳбар гуфт, тибқи нақша бояд имрӯз барои назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи таҷлил 30-солагии истиқлолият ба Бохтар мерафт, ки кадом корҳоро кардаанд ва чӣ корҳое мондааст
Ӯ гуфт бо ВАО тӯли 30 сол аст, ки ҳамкорӣ дорад ва мехоҳад дар шахсияти рӯзноманигорон ҳамкор ва ёрдамчиро бинад.
Номбурда гуфт, танқид ҳатман бояд бошад ва аз он хафа нест, агар созанда бошад. Ба таъкиди ӯ замони раҳбарии вилояти Суғд ва ҳамзамон вазири кишоварзӣ будан чунин ҳолатҳои зиёде буданд.
Қосим Роҳбар, аз чеҳраҳои матраҳ дар сиёсати кишвар буда, қаблан дар вазифаҳои раҳбари вилояти Суғд, вазири кишоварзӣ кор кардаст, ки фаъолияташ ҳамеша дар расонаҳо баҳс мешуд.
Бо нишастан ба курсии раҳбарии Кумитаи рушди маҳал ҳузури ӯ дар расонаҳо ноаён шуд.