Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон - маълумоти вазорат

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави коронавирусро дар Тоҷикистон нашр намуда, маълумоти тозаро дар ихтиёри сокинон гузоштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев - Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.
Коронавирус метавонад боиси безурётии мардон гардад
Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии кишвар бар вируси корона хабар дод.
ВУХ: аз ҳамкорӣ бо СҶБ то пешгирӣ аз коронавирус баррасӣ шуд
Раисиҷумҳур таъкид кард, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.