ДУШАНБЕ, 2 феврал - Sputnik. Олимон оқибатҳои ҷиддии сирояти коронавирусро дар мардон номбар кардаанд. Тадқиқоти онҳо дар маҷаллаи Reproduction нашр шудааст.
Пас аз таҷрибаҳо мутахассисон муайян карданд, ки коронавирус сифати нутфа ва ҳосили мардҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
Барои иштирок дар таҳқиқот 189 ихтиёриён ҷалб карда шуданд, ки 84 нафари онҳо гирифтори COVID-19 буданд, ки ҳам сирояти ҳам бенишона ва ҳам шадид буд.
Синну соли миёнаи ҳамаи иштирокчиён 30 сол буда, онҳо дар вазн ва фоизи чарбҳои бадан ба таври назаррас фарқ мекарданд.
Тӯли 60 рӯз олимон нутфаи онҳоро бо фосилаи 10 рӯз санҷидаанд.
Дар таҳлили беморони гирифтори коронавирус, илтиҳоб ва равандҳои оксидшаванда пайдо шуданд. Ғайр аз он, сироят ба ҳаракат ва шакли нутфа таъсири манфӣ расонидааст.
Ба гуфтаи коршиносон, дар нафароне, ки шакли вазнини коронавирусро аз сар гузаронидаанд, оқибатҳо ҷиддитар буданд.
Олимон қайд карданд, ки ин таъсир аз беморӣ метавонад бо мурури замон коҳиш ёбад.
Дар навбати худ, директори эмбриологияи гурӯҳи бритониёии CARE Fertility Group Элисон Кэмпбелл боисрор хоҳиш кард, ки мардон ба ташвиш наафтанд.
То ба ҳол, вай гуфт, "ягон далели қатъӣ дар бораи тасири дарозмуддати COVID-19 ба нутфа ё ҳосилнокии он вуҷуд надорад".
То ба ҳол, вай гуфт, "ягон далели қатъӣ дар бораи тасири дарозмуддати COVID-19 ба нутфа ё ҳосилнокии он вуҷуд надорад".