Феврал дар Тоҷикистон бо барфу борон омад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон

Ожонси обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар ВМКБ барф меборад, дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон боридани боронро пешгӯӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз ҳаво қисман абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба Ожонсии обуҳавошиносӣ.
Дар Бадахшон хунукиву дар Душанбе гармӣ: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона  17-22 ва рӯзона  8-13 дараҷа  хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз  1 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Шаб сарду рӯз гарм: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот борон ва барф меборад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал омада, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.