Дари масҷидҳо, ки аз моҳи апрели соли гузашта бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус баста шуд, акнун сар аз имрӯз, 1 - уми феврал дубора аз сар гирифта мешавад.
Қарори дубора фаъол шудани масоҷидҳоро Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз маризии коронавирус қабул намуд.
Ситоди мазкур бо эълон намудани санаи бозкушоии дари масҷидҳо ҳушдор дод, ки дар сурати риоя нагардидани шартҳои пешниҳоднамуда, эҳтимол дорад ибодатгоҳҳо боз баста шаванд.
Яке аз шартҳои асосии фаъол мондани масҷидҳо, ин пӯшидани ҳатмии ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин, риоя кардани чораҳои беҳдоштию санитарӣ низ ҷиддан талаб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.
Ҳамакнун, бо гузашти беш аз 9 моҳ намозгузорон имкон пайдо карданд, ки дастаҷамъона ба масҷидҳо рафта, ибодаташонро ба ҷо оранд.