ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар посух ин суоли хабарнигорон гуфт, ки баршумории ақди никоҳҳои ғайриқонунӣ дар салоҳияти ниҳодаш нест.
"Шумо бояд донед, ки дар Тоҷикистон дузанагӣ ҷиноят аст. Бо ин суолатон метавонед ба Вазорати умури дохила муроҷиат кунед, ки дар соли гузашта чанд ҳолати дузанагиро ошкор кардааст", - посух додааст вай.
Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигорон хостанд рӯшанӣ андозанд, ки дузанаҳо билохира баъди муҷозот шудан аз "кордорашон"- яъне ҳамзистӣ бо ҳамсарони дувумашон даст мекашанд.
"Фарз кардем, марди дузана ба даст афтод, ӯро дар додгоҳ ҷарима карданд, баъди ҷарима шудан вай боз бо ҳамон зан зиндагӣ мекунад ва ё бояд ҷудо шавад?", - пурсидаанд онҳо.
"Ӯ ба ин кор ҳақ надорад, вале танҳо ман ҳаминро гуфта метавонам, ки барои як ҷиноят, як бор маҳкум мекунанд",- қайд кардааст Музаффар Ашӯриён.
Ёдрас мешавем, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон дузанагӣ, ки бештар дар кишварҳои исломӣ роиҷ аст, манъ буда, барои ин амал ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи моддаи 170 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои дузанагӣ ё серзанагӣ дар кишвар ҷарима ба андозаи як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо пешбинӣ мешавад.