ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Рӯзҳои 26-30 январ дар Душанбе миёни гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон музокирот баргузор гардид.
Дар ин бора, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни музокирот Нақша-ҷадвали мулоқотҳо барои соли 2021, ки вохӯриҳои ҳармоҳаи тарафҳоро пешбинӣ мекунад, ҳамоҳанг шуд.
"Ҷонибҳо роҷеъ ба макон ва таърихи анҷом додани корҳои муштараки саҳроӣ ба мувофиқа расида, дигар масъалаҳои марзӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ карданд", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, аз натиҷаи музокирот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Манбаъ афзуда, ки музокирот дар фазои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек барпо гардид.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 1,33 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Аз ин 105 километр сарҳади дарё ва 1,227 сарҳади хушкӣ мебошанд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 20 дарсади хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон тақсимнашаванда боқӣ монд.
Қаблан ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро то охири соли 2020 ба итмом мерасонанд, аммо бинобар пандемияи коронавирус, кор ба анҷом нарасид.