ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ омори фавти шаҳрвандонро дар як соли гузашта эълон кард.
Ба иттилои Сироҷзода, соли гузашта дасти кам 41 ҳазору 693 нафар аз оризаҳои ҳархела ҷон аз даст доданд.
Аз ҳама беш, ба таъкиди сардори сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, фавт аз бемории қалб ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, муайян гардидааст, ки маргу мир дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2019, 8 ҳазору 643 ҳолат афзоиш ёфтааст.
Ба эҳтимоли зиёд, ба ҷараёни фавти шаҳрвандон дар соли 2020 пандемияи коронавирус низ таъсиргузор бошад.
Танҳо ба маълумотҳои расмӣ, аз 30 апрел то моҳи декабри соли гузашта, 90 нафар қурбони бемории коронаиврус гардиданд.
Намояндаи Вазорати адлия дар идомаи нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар Муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ 11 маҳбус аз маризии илтиҳоби шуш ба ҳалокат расиданд.