ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Нуъмон Мирзоев падари Шаҳбол дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, писараш шаби гузашта фавтид.
“Писарам шаби гузашта тақрибан соатҳои 10 ба 11 аз дунё гузашт. Саломатиаш вазнин шуда буд ва дар зери дастгоҳи нафасгирии сунъӣ қарор дошт. Табибон гуфтанд, асабҳояш низ хело хаста шудаанд”.
Ӯ гуфт, ахиран вазъи саломатии писараш вазнин шуд ва ба ҳимн хотир Шаҳболро ба беморхонаи вилоятӣ бурданд ва мутаасифона ӯ беморхона фавтид.
Ба гуфтаи Нуъмон Мирзоев ҷанозаи писараш соати 16:00 дар зодгоҳаш Ноҳияи Ашт баргузор мешавад мешавад.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, "гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз — Усмоналӣ Ғайратов шикастааст".
19 июни соли 2014 Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда шуд.
Қазияи Шаҳбол Мирзоев аз пурсарусадотарин дар расонаҳои Тоҷикистон буд, ки вокунишҳои зиёдро барангехт.
Бо вуҷуди талошҳои табибон ва кӯмаки ҷомеа вазъи саломатияш беҳбуд наёфт.