Ниҳолшинонии вазири корҳои дохилӣ ва раиси Суғд дар осоишгоҳи "Сипар"

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар гирду атрофи осоишгоҳи "Сипар" дарахтони сояафкану ороишӣ шинонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ба вилояти Суғд сафар карда, ҳамроҳ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба осоишгоҳи "Сипар"-и ВКД рафта ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар ин минтақаи истироҳатӣ шинос шуданд.
Бино ба гузориши ВКД, осоишгоҳи "Сипар" дар соҳили "Баҳри тоҷик"-и шаҳри Гулистон воқеъ буда, макони истироҳати ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. 
Шанбегии раис Файзов: аз ниҳолшинонӣ то тозакунии кӯчаву ҷуйбори шаҳр дар қатори мардум
Кормандони ВКД чанд сол аст, ки аз ин макони истироҳатӣ истифода мебаранд.
Ҳамакнун дар осоишгоҳи "Сипар" бунёди меҳмонхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз иморати бино бо маблағгузории мақомоти корҳои дохилӣ ва МИҲД вилояти Суғд сохта шуда, корҳои таъмирӣ идома дорад.
Тибқи лоиҳа меҳмонхона аз чор ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои барҳаво, толорҳои хурду калон барои гузаронидани ҷаласа, ошхонаву ҳаммом бо тамоми инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ шудааст, ки қисман иҷро шудааст.
Тибқи иттилои ВКД, Раҳимзода зимни шиносоӣ ба лоиҳаи бино ва боздид аз корҳои сохтмонӣ ба сохтмончиён ва масъулин ҷиҳати истифодаи масолеҳи пурдошту босифат, истифодаи унсурҳои меъмории муосир бо назардошти анъанаҳои миллӣ, дастурҳо додааст.
Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари дастаҷамъонаи шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ ширкат кардаанд.
"Дар мавзеъҳои гуногуни истироҳатгоҳи «Сипар», аз ҷумла саҳни бинои меҳмонхона ва роҳравҳо навъҳои дарахтони сояафкану ороишӣ аз қабили ёси ҳиндӣ, булут, каштан, арча ва гулҳо шинонида шуд", - омадааст дар хабарнома.
Дар маъраки ниҳолшинонӣ зиёда аз 400 бех дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд.