ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Низомиёни Миёнмар пас аз боздошти раҳбарони давлат барои як сол дар ин кишвар вазъи фавқулода эълон намуданд, хабар медиҳад Синхуа бо истинод ба як шабакаи телевизионии.
Ба иттилои манбаъ, изҳорот дар бораи ҷорӣ кардани вазъи фавқулодаро ноиби президент Мейн Све имзо кард.
Гуфта мешавад, пас аз ба даст овардани қудрат, низомиён ӯро иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат эълон карданд.
Миин Све, ки рӯзи душанбе дар як шабакаи телевизионии "Мявади" баромад кард, гуфт тамоми қудрат дар иёлот ба фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Мянмар, генерали калон Мин Аунг Хлайн мегузарад.
Зимнан, манобеи Рейтерз хабар медиҳад, ки табадуллот ҳамчун посух ба дасисабозӣ ва тақаллуб дар интихоботи ахири парлумонӣ ба ҳисоб меравад.
Расонаҳо менависанд, ки низомиён дар атрофи бинои шаҳрдории калони Янгон ҷамъ омадаанд.
Дар Миёнмар эълом шудааст, ки тамоми бонкҳои ин кишвар ба далели қатъи интернет баста мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Миёнмар ҳар он чиро, ки рух дода истодааст, ҳамчун кори дохилии кишвар номиданд.