ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2020 ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 1,5 миллиард кВт саоат барқ содирот кардааст, иттилоъ додааст Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, содироти барқ аз ҷумҳурӣ ба кишварҳои ҳамсоя дар соли гузашта 1 миллиарду 528,4 миллион кВт соат, бо маблағи умумии 54,6 долларро ташкил додааст.
Ҳамин тавр дар як сол Тоҷикистон беш аз 19 миллиарду 770,5 миллион кВт соат барқ истеҳсол намудааст, ки дар қиёс ба соли 2019 ба 905,7 миллион кВт каммтар будааст.
Маблағи умумии содироти барқ дар соли гузашта нисбат ба соли 2019 беш аз 39,4 дарсад коҳиш ёфтааст.
Вазорати энергетика таъкид доштааст, ки барқи аз Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекситон, Афғонистон ва Қирғизистон содирот шудааст.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Тоҷикистон эълон карда буд, ки ният дорад содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш диҳад.
Ба ҳамин хотир, мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, ки тасмим дорад, як хатти барқи баландшиддати 500 киловолта аз нерӯгоҳи Роғун то нерӯгоҳи “Сангтуда” бунёд намояд, то тавонад имкониятҳои содиротии барқ ба Афғонистонро ба маротиб афзоиш диҳад.
Ёдрас мешавем, ки бар асоси мусаввабаи ҳукумати Тоҷикистон маҳдудияти барқ дар манотиқи рустоии ин кишвар аз шаби 5 январи соли ҷорӣ иҷроӣ шуд, ки аз соати 23 шаб то 6 субҳ ва танҳо манотиқи рустоиро шомил мешавад.
Далели иҷроии дубораи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон коҳиши мизони захоири об дар сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон мешавад, ки дар муқоиса бо зимистони соли 2020 бо коҳиши 4 метрӣ рӯ ба рӯ шудааст.