Коршинос роҳи дучанд кардани 100 ҳазор рублро гуфт

Коршинос роҳи самараноки сармоягузорӣ кардани 100 ҳазор рублро гуфт, ки дар оянда албатта даромад хоҳад овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Мушовири молиявӣ Анна Харченко роҳҳои сармоягузории фоидаовари 100 ҳазор рублро ошкор кард.

Ба гуфтаи коршинос, пеш аз ҳама бояд якчанд омилҳои асосӣ ба назар гирифта шаванд, ба монанди давраи сармоягузорӣ, даромади дилхоҳ, муносибат ба хавф, пардохтпазирӣ ва манбаъҳои даромад.

Ҳангоми интихоби коғазҳои қиматнок барои портфели сармоягузорӣ шумо бояд ба ин шартҳо диққат диҳед. Дар сурати сармоягузории каммуҳлат бо иштиҳои нисбатан пасти хавф, вомбаргҳои давлатии Русия метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд.

Иқтисодшинос гуфт, хатарноктарин рӯзҳо барои рубл кай фаро хоҳанд расид

Харченко қайд кард, ки вомбаргҳои федеролиро ҳар вақт фурӯхтан мумкин аст ва ҳамзамон фоизҳояшонро бар хилофи амонат, мешавад ҳар вақт гирифт.

Даромади баландтарин, ба гуфтаи коршинос, аз вомбаргҳои корпоративӣ хоҳад буд. Аммо онҳо хатари бештар доранд. Айнан ҳамин ҳолат бо саҳмияҳои ширкатҳои Русия, бахусус онҳое, ки дар соҳаҳои нафту газ ва металлургия фаъолият мекунанд, рух медиҳад.

Коршиносон асъори фоидаовар барои соли 2021-ро гуфтанд

Дар мусоҳиба бо хабаргузории "Прайм" Харченко гуфт, ки бозори Русия яке аз саховатмандтарин аст.

Барои онҳое, ки намехоҳанд вақтро барбод диҳанд, коршинос тавсия додааст, ки ба фондҳои мубодила дар бозорҳо таваҷҷӯҳ кунад. Аммо пеш аз он, омӯхтани принсипҳои истифодаи асбобҳо дар бозори коғазҳои қиматнок зарур аст.

Дар сурати надоштани дониш дар ин соҳа, сармоягузор метавонад ба ҷои ба даст овардани пул, онро ба осонӣ аз даст диҳад, хулоса кард Харченко.