Вазири тандурустӣ гуфт кадом моҳ дар Русия сироятёбӣ ба коронавирус коҳиш меёбад

Вазири тандурустии Русия ахиран эълон кард, ки раванди паҳншавии вируси корона дар ин кишвар то ду моҳи оянда идома хоҳад ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Михаил Морашко, вазири тандурустии Русия ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд, ки моҳҳои феврал ва март вобаста ба паҳншавии вируси корона дар Русия муҳим ва муайянкунанда хоҳанд буд, иттилоъ додааст РИА Новости.

Вазорат омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

Ба гуфтаи вай, Русия дар ин давра аз тамоми имкониятҳои худ барои муқобила бо вируси корона кор мегирад.

Вай афзуд, ки эҳтимол дорад пас аз моҳи март вируси корона дар Русия рӯ ба коҳиш хоҳад гузошт.

Вазири тандурустии Русия қайд кардааст, ки акнун тахтҳои бемористонӣ барои бистарӣ кардани беморони вируси корона дар Русия ба андозаи кофӣ вуҷуд дорад ва салоҳ медонем, ки ҳатто дар шароите, ки ҳоли беморони вируси корона вахим нест дар бемористон бистарӣ шаванд, зеро ин иқдом барои пешгирӣ аз густариши вируси корона муҳим ва муассир хоҳад буд.

Ёдрас мешавем, ки дар Русия 3 миллиону 813 ҳазор нафар ба COVID-19 мубтало шуда ва 72 ҳазору 185 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.