ДУШАНБЕ, 31 январ - Sputnik. Миллиардери рус Аркадий Ротенберг ба канали Telegram-и Mash гуфтааст, "қаср"-и Геленҷик, ки дар бораи он Алексей Навалний мавод нашр кард, ба ӯ тааллуқ дорад, менависад РИА Новости.
"Ҳоло ин махфӣ нахоҳад буд, ман баҳрабардоранда ҳастам. Як объекти нисбатан мураккаб буд, қарздиҳандагон зиёд буданд ва ман тавонистам бенефитсиар шавам. Ин бозёфт, ҷои зебост",- гуфт соҳибкор.
Вай инчунин гуфт, ки ин дороиро чанд сол пеш ба даст оварда, тасмим гирифтааст дар он ҷо як меҳмонхонаи боҳашамат бисозад. Ба гуфтаи Ротенберг, сарфи назар аз эътибори ҷанҷолии иншоот, дар он ҷо ягон чизи ғайриқонунӣ вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигорони шабакаи Telegram Mash тавонистаанд аз "қаср" дидан кунанд.
Дар он ҷо онҳо иншооти ҷаззоберо диданд, ки сохтмони чанд соли дигар идома хоҳад кард.
“Тасвири ин мавзеъ осон - ин як бетони бузург мебошад. Амалан ҳама чиз дар ин ҷо дар марҳилаи оғози сохтмон аст”, - омадааст дар матлаб.
Дар маконе, ки бар асоси “таҳқиқот”-и нашркардаи Навалний дар он чилимхона аст, ба ҷои лӯлаҳои дуд, утоқи ивазкунии либоси сохтмончиён ҷой гирифтааст. Утоқи ба истилоҳ “ифлос” низ дар оғози сохтмон қарор дошта, “акводискотека”-ро сохтмончиён дар ин ҷо фаввора меноманд, ки он ҳам ҳанӯз кор намекунад. Дар навори гузориш, тахта, чӯб, бетон ва навиштаҷоти “розетка кор намекунад” намудор аст.
Ба гуфтаи Ротенберг, сохтмон пас аз ду сол ба анҷом мерасад.
"Ҳама чиз хеле бодиққат, босамар ва касбӣ анҷом дода мешавад", - афзуд ӯ.
Қаблан Владимир Путин изҳор дошт, ки филм дар бораи “қаср” дар Геленҷикро тамошо накардааст, чун фурсати тамошои чунин матолибро надорад, аммо пораҳоеро аз он дидааст, ки ёваронаш ба ӯ пешниҳод кардаанд. Ӯ таъкид кард, ҳеч моликияте дар ин “таҳқиқот” ба ӯ ва наздиконаш тааллуқ надорад.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, гуфт, ки соҳибони қаср дар Геленҷик як ё якчанд соҳибкоранд. Ба гуфтаи ӯ, дар Кремл ин номҳоро эълон нахоҳанд кард, зеро чунин тарзи кор нодуруст хоҳад буд. Дар дастгоҳи раисиҷумҳур инчунин афзуданд, ки аз омодасозии чунин фошкориҳои дурӯғин ва ҳамлаҳои иттилоотӣ қаблан огоҳӣ доштанд.