Рустами Эмомалӣ гуфт дар пойтахт чанд корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият доранд

Шаҳрдори Душанбе эълон кардааст, ки ҳоло дар пойтахти кишвар 45 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik.  Ин нуктаро Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” зикр кардааст.

Мақомот дақиқ гуфт чанд адад корхона ба истеҳсоли консерваи меваю сабзавот машғуланд

Ба гуфтаи раиси шаҳр, дар соли равон, дар пойтахт 45 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 29 корхона ба маблағи 52,7 миллион доллар сармояи мустақим ва 16 корхона ба маблағи 101,9 миллион доллар дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.

Ҳамзамон Рустам Эмомалӣ қайд кардааст, ки то ҳол 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд.

Озодамоҳ дар Суғд бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ корхона бунёд мекунад

Раиси шаҳри Душанбе зикр кардааст, ки бо дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар имрӯзҳо саҳми сармоягузорони дохиливу хориҷӣ бештар шудааст.

 “Аз ин рӯ, дар шаҳр, аллакай, шаҳраки саноатӣ мавҷуд буда, барои таъсиси корхонаҳои нав имтиёзҳои андозиву гумрукӣ фароҳаманд, то соҳибкорону сармоягузорон ҳавасманд гарданд”, - таъкид доштааст Рустам Эмомалӣ.