Раҳмон гуфт, раиси Кӯлоб бо муовинаш ба 306 нафар замин фурӯхтааст

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб бо муовинаш ба 306 нафар замин фурӯхтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Раҳмон гузориш дод, ки Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб ва муовини ӯ Ҳафизов  бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи ҷинояткорон 128 гектар қитъаҳои заминро ба 306 шаҳрванд фурӯхтаст.

Оҷонсӣ техник заминсози “Суғдзаминсоз”-ро боздошт кард

Додситони кул, ҳаҷми маблағ аз фурӯши ғайриқонунии заминро 725 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст. Худи Иноятзода иттиҳомот алайҳи худро бепоя хонда буд.

Шарҳи Раҳмон дар ҳолест, ки ахиран Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, "Баҳром Иноятзода ҳангоми раиси шаҳри Кӯлоб будан, аз 13 нафар пора гирифта, маҳсулоти хайриявиро тасарруф карда", бо маблағҳои бадастовардааш, ба миқдори бештар аз 2 миллион сомонӣ Бунгоҳи тиббии шахсӣ сохтааст.

"Иноятзода Б. бо маблағҳо ва амволҳои бо роҳи содиркунии ҷиноят ба дастовардааш, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк дар ҷои манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Р.Абдушукурова, хонаи №28 Маркази тиббӣ хусусӣ ба маблағи 2 317 994 сомонӣ бунёд кардааст", - омадааст дар гузориши прокуратура.

Дигар иттиҳомоте, ки бар дӯши Иноятзода гузоштаанд, ин ғайриқонунӣ азхуд кардани ду манзил дар шаҳри Душанбе будааст.

“Аждаҳои ришва” дар Исфара ба даст афтод: боздошти ду нафар ба иттиҳоми гирифтани пора

"Ба ғайр аз ин, Иноятзода Б. молу амволҳои ғайриманқул, воқеъ дар сӯроғаҳои кӯчаҳои Н.Қарабоев ва А.Ғуломови ш.Душанбе-ро ба даст оварда, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк, онҳоро ба номи шахсони дигар барасмият даровардааст", - навишта буд манбаъ.

Аммо  Иноятзода Б. аз соли 2015 инҷониб дар эъломияҳо оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ ба ғайр даромадҳои аз маоши давлатӣ ба дастовардааш, дигар манбаъҳои даромад ва амволашро пинҳон доштааст, тавзеҳ медиҳад прокуратура.

Додгоҳ Иноятзодаро ба мӯҳлати 12 сол равонаи зиндон карда, 5 сол аз ҳаққи  ишғоли мансабҳо маҳрум намудааст.

Аммо худи Иноятзода ва наздиконаш дар додгоҳ ин ҳукмро беадолатӣ хонда, иттиҳомоти эълоншударо бепоя номиданд.