Азми мардуми Ишкошим барои таъмири мактаб ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ

Як сокини ноҳияи Ишкошим боми мактабро таъмир карду ҷавонон дар назди дабистони дигаре синфхонаҳои иловагӣ бунёд мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошим бо иқдоми сокини деҳаи Хасхоруғи Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров боми як мактаб таъмир карда шуд.

Ҷопон барои сохтмони ду мактаб дар Тоҷикистон пул ҷудо кард

Руслан Нуруллоев сокини деҳаи Хасхоруғ боми бинои мактаби № 36-и деҳаи Хасхоруғро таъмиру навсозӣ кард.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" аз қавли мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамзамон ҷавонони деҳаи Намадгути Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдом гирифтаанд, ки баҳри беҳтар намудани шароити таълими хонандагону омӯзгорони мактаби № 3-и деҳа дар назди муассиса чанд синфхонаи иловагӣ бунёд намоянд.

Манбаъ афзуда, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот идома дошта, ҷавонон ва сокинони деҳаи Намадгут азм доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаҳои иловагиро мавриди истифода қарор диҳанд.