Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар ду ҳафта: коршинос шарти пирӯзии Русия бар COVID - 19 -ро гуфт

Ба гуфти коршинос бо бардоштани аксари маҳдудиятҳо замони ҳамагирӣ нигоҳ накарда, ҳар як шахс бояд чораҳои беҳдоштиро риоя кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Геннадий Онишенко собиқ сарпизишки санитарии Русия, шарти пирӯзии тез бар вируси коронаро дар қаламрави Русия дар суҳбат бо радиои Sputnik гуфт.

"Агар ҳамаи мо дар ҳама ҷо ҳатто дар тарабхонаҳо ниқоб ва дастпӯшак пӯшему ҳамаи қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунем, ман кафолат медиҳам, ки пас аз 14 рӯз ин беморӣ нест мешавад", - гуфт Онишенко.

Коршинос қайд кард, ки бо бардоштани аксари маҳдудиятҳо замони ҳамагирӣ нигоҳ накарда, ҳар як шахс бояд чораҳои беҳдоштиро риоя кунад.

Олимон гуфтанд кадом гурӯҳи одамон коронавирусро вазнин мегузаронанд

Пешбинии СҶБ: ҷаҳонро фалокати маънавӣ фаро мегирад

"Дар Русия мардуми зиёде маризии коронавирусро аз сар гузарониданд, онҳо саҳми худро дар иммунитети популятсионӣ мегузоранд. Агар ҳоло мо барои эмгузаронӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем, раванди эпидемиологиро бозмедорем, зеро мо як қабати пуриқтидоре хоҳем дошт", - гуфт Онишенко.

СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст

Бино ба гузориши СҶБ шумораи гирифторони вируси корона дар ҷаҳон ба 100 миллион нафар расид. То кунун ин маризӣ ҷони 2,1 миллион касро гирифааст.