Фардо дар Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад

Бори аввал дар доираи таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе, имконоти сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошат мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Фардо дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад.

Эълони санаи таҷлили Сада бо оташи калон дар Душанбе

Ин бор дар радифи намоиши ниҳолу, зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гушаи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳоди иштирокорони тантанаҳои идона мегардад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Гуфта мешавад, дар гӯшаи сайёҳӣ бори аввал намоиши мастер класҳои ҳунармандӣ, рӯнамои сайёҳии кишоварзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ,  малакаи сайёҳӣ, викторина барои тамошобинон намоиши автомобилҳои сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, велосипедҳо, имкониятҳои сайёҳии куҳнавардию лижатозӣ ва кемпинги сайёҳӣ аз хаймаҳо пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида мешавад.

Иди борон? Дар Тоҷикистон боз як ҷашни қадимиро роҳандозӣ мекунанд

Ҳамчунин бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ маводҳои иттилоотии сайёҳӣ, бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим мегардад.

"Дар намоишгоҳ маводи иттилоотию тарғиботии сайёҳӣ, имкониятҳои хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ вобаста ба намудҳои афзалиятноки соҳа ва эҷодиёти донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, инчунин бахши сайёҳии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе  ба  тамошо гузошта мешаванд",- омадааст дар хабарнома.

Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, он ҳамчун ҷашни  омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардид.