Чин намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба Вуҳан роҳ дод

Намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчунин аз бозоре дидан хоҳанд кард, ки тибқи баъзе маълумотҳо коронавирус аз он хуруҷ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Чин намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба Вуҳан роҳ додааст.

Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба бемористоне дар Вуҳони Чин, ки аввалин гирифторони коронавирус муолиҷа шуда буданд, ворид шуданд.

Онҳо тасмим доранд ҳамчунин аз як қатор озмоишҳое дидан кунанд, ки аввалин ташхисҳо гузаронида шуда буданд.

Мехоҳанд аз бозори фурӯши гӯшти паранда, ки бисёр вақт онро чун сарчаш маи аввали хуруҷи вирус медонанд, низ дидан кунанд. Вашингтон гуфт, ки тафтишу санҷиш бояд асоснок бошад ва натиҷаҳои он рушану мутмаин.

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 102 миллиону 649 ҳазору 949 нафар расид ва бар асари ин беморӣ 2 миллиону 216 ҳазору 723 нафар ҷон бохтанд.

Дар шабонарӯзи гузашта боз 224 ҳазору 733 нафар мубталоёни нав сабт шуданд ва 6 576 тан ҷони худро аз даст доданд.

Замони эмгузаронӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон маълум шуд: киҳо ваксин мегиранд?

Теъдоди муолиҷашудагон дар олам 74 миллиону 347 ҳазору 236 нафар эълон шуд ва гуфта мешавад, ки ҳамин лаҳзаҳо боз 109 ҳазору 431 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, хушбахтона дар Тоҷикистон шабонурӯзи гузашта ва инчуниналлакай давоми бештар аз ду ҳафта аст, ки коронавирус ба қайд гирифта нашуд.