Ғанӣ гуфт, ки бесаброна занги Ҷо Байденро интизор аст

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар Форуми Аспен оид ба масоили амният гуфтааст, ки то ҳол бо президенти нави ИМА сӯҳбат накардааст ва занги ӯро интизор аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв  — Sputnik. Ашраф Ғанӣ гуфт, ки бесаброна занги Ҷо Байден, президенти Амрикоро интизор аст, гузориш медиҳанд расонаҳо.

Гудбай, Талибайден: оё Тоҷикистон ба ҷанги қарибулвуқӯи Толибону Кобул омода аст?

Бино ба иттилои манобеъ, президенти Афғонистон дар ин бора дар  Форуми Аспен оид ба масоили амниятӣ гуфтааст.

Ашраф Ғанӣ мушаххас накард, ки дақиқан кай бо роҳбари маъмурияти нави Амрико суҳбат мекунад.

Ҳамчунин, Ғанӣ хабар додааст, ки гурӯҳи намояндагони расмии Амрико барои баррасии масоили марбут ба ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон ба Кобул хоҳанд омад.

29 феврали соли 2020 маъмурияти қаблии ИМА бо роҳбарии президент Доналд Трамп ва ҳаракати ифротии "Толибон" (мамнуъ дар Русия) дар Доҳа созишномаи сулҳро имзо карданд.

Мувофиқи он, ИМА, иттифоқчиёни он ва эътилофи байналмилалӣ уҳдадор шуданд, ки тӯли 14 моҳ тамоми неруҳояшро аз Афғонистон бароранд.

Дар Кобул дар як рӯз чаҳор ҳамлаи террористӣ рух дод

"Толибон", дар навбати худ, кафолат медиҳанд, ки онҳо қаламрави Афғонистонро барои амалҳое, ки ба амнияти ИМА ва иттифоқчиёни он таҳдид мекунанд, истифода нахоҳанд кард.