Донишҷӯ дар саҳни донишгоҳ деканро корд зад: аз триместр нагузашт

Як донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон декани факултаро бо кор зада, захмӣ кардааст. Ҷабрдида ду бор ҷарроҳӣ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, бегоҳии 28 январ як донишҷӯ Музаффар Имомназаров, декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетингро барои нагузоштани баҳои триместр ва иҷоза надодан ба имтиҳонҳо бо кор зада маҷрӯҳ кардааст.

Вазорат духтареро, ки гуфта мешуд модарашро корд задааст, боздошт кард-видео

“Имомназаров инсони хуб ва бовиҷдон аст. Вақте донишҷӯ имтиҳонҳои трисместрро намесупорад, декан падарашро ба сӯҳбат даъват мекунад. Донишҷӯ деканро таҳдид мекунад, ки мекушам ва бо корд таҳдид мекунад. Ӯ дар саҳни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон деканро корд зада, фирор мекунад. Деканро ба вазнинхонаи шифохонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд”, - гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар вазнинхона Музаффар Имомназаровро як бор чор ва бори дуввум 5 соат ҷарроҳӣ кардаанд. Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон дар корпуси 5 –и шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббии “Шифобахш”, дар миёни мардум маъруф ба Шифохонаи Қарияи Боло, фақат гуфтанд, ки вазъи Музаффар Имомназаров ҳоло муътадил буда, дар ҳоли шифоёбист.

“Дигар хатаре ба ҳаёти ӯ вуҷуд надорад. Ҳоло вазъи ӯ хеле хуб шудааст”, - гуфтанд дар ин шуъба.

Музаффар Имомназаров, дотсент, номзади улуми иқтисодӣ буда, аз 1 феврали соли 2019 декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетинг мебошад. Ин ки донишҷӯ боздошт шудааст ва алайҳи ӯ аз рӯи кадом моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст ё не, ҳамчунин дар бораи ҳуввияти ӯ то ба ҳол иттилое ба даст наомадааст.

Падарро корд задааст: додгоҳи Хуҷанд ҳукми зиндони як сокини маҳаллиро содир кард

Дар Раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки қазия таҳти баррасӣ қарор дорад ва аз натиҷаҳои он тариқи сомонаи ин ниҳод хабар хоҳанд дод.