Вазири тандурустӣ гуфт, 1,8 миллион тоҷикистонӣ ваксина мегиранд

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли равон бояд 20 дарсади аҳолии кишвар ваксина алайҳи коронавирус гиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв – Sputnik. Дар навбати аввал дар назар аст, ки 1 миллиону 800 ҳазор нафар ваксина гиранд, хабар додааст сомонаи Pressa.tj аз қавли Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон.

Эрон ҳам ба зудӣ эмгузарониро оғоз мекунад

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар феҳрасти 92 давлати дунё аст, ки бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бояд бо ваксинаи короновирус таъмин карда шавад.

Вазири тандурустӣ вақти омадани ваксинаро ба Тоҷикистон гуфт

Вазири тандурустӣ тавзеҳ додааст, ки ваксинаи зидди бемории ҳамагири COVID-19 бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон дастрас мешавад.

Қаблан раёсати Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дода буд, ки то охири сол дар саросари ҷаҳон ду миллиард ваксина, аз ҷумла 1,3 миллиард ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ камдаромад тақсим карда мешавад. Вазири тандурустии Тоҷикистон шеваи эмгузаронӣ дар кишварро шарҳ дод.

“Нахуст рӯйхат тартиб дода мешавад ва онҳое, ки хоҳиш доранд, аз эмкунӣ мегузаранд. Дар навбати аввал дар назар аст, ки 1 миллиону 800 ҳазор нафар ваксина гиранд”, - изҳор доштааст Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҷумҳурӣ наздики 20 рӯзи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Ба иттилои расмӣ, дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 гирифтори коронавиурс ба қайд гирифта шудаанд, ки аз  он 13218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.