Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вазири тандурустии Тоҷикистон гирифтори коронавирус нашуд: ӯ сабабашро шарҳ дод

Ҷамолиддин Абдуллозода омили ба коронаиврус гирифтор нашудани худро ба риояи қатъии чораҳои пешгирикунанда рабт медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода мегӯяд, гирифтори коронавирус нашудааст. Абдуллозода дар ин бора ба ҳафтаномаи "Тоҷикистон" хабар додааст.

Беморхонаи сироятии Душанбе аз COVID - 19 озод ва аз таъмири куллӣ бароварда шуд

Вазири тоҷик омили асосии дардманди коронавирус нашуданашро ба риояи қатъии чораҳои беҳдоштӣ рабт додааст.

"Ман аз коронавирус сироят наёфтаам, сабабаш дар он аст, ки чораҳои беҳдоштиро риоя мекардам",- изҳор доштааст Абдуллозода.

Дар идома вазири тоҷик таъкид намудааст, ки аз замони бурузи ин маризӣ дар мамлакат 99,3 дарсади гирифторон комилан шифо ёфтанд. 

Ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон аз ин дард ҳамагӣ 0,68 дарсади фавт ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар қиёс ба омори кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои Туркманистон, камтарин аст.

Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд

Наздики ду ҳафта мешавад, ки Вазорати тандурустӣ ҳамарӯза омори нави коронавирусро бидуни сироятшавии ҷадид нашр мекунад. Охирин мавриде, ки дар Тоҷикистон сироятшавӣ ба ин дард сабт гардид, 10 - уми январ буд.