Бо панҷаи бурида: достони ҳузнангези наҷоти бабри барфӣ аз Тоҷикистон

Бабри барфие аз Тоҷикистон дар боғи ҷонварони Красноярск маскан гирифт: вайро пас аз табобат, ки захм пайдо карда буд, дар ин макон ҷой карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Кормандони боғи "Роев Ручей" муштариёни худро бо саргузашти зебо ва ғамангези ҷонвари навашон, паланги модина бо номи Акса шинос карданд.

Бабри барфӣ дар Ишкошим 45 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод

"Акса" ҳамчун "оби сафед" тарҷума мешавад, ки бо он яке аз кӯҳҳои Помирро низ ном мебаранд.

 

Бо панҷаи бурида: достони ҳузнангези наҷоти бабри барфӣ аз Тоҷикистон

 

Дар аввал, мебоист Акса аз Тоҷикистон ба мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенский, ки дар он ҷо аллакай ду ҷонвари дигар аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, кӯчад. Ин иқдом дар доираи барномаи барқарор кардани шумори ҳайвонҳои Китоби Сурх дар қаламрави Красноярск ба нақша гирифта шудааст.

Бабри барфӣ муаррифгари Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Олмон

Аммо вақте, ки бабри барфиро доштанд, маълум шуд, ки ин ҳайвони камёфт осеб дидааст.

 

Бо панҷаи бурида: достони ҳузнангези наҷоти бабри барфӣ аз Тоҷикистон

 

Қапқони шикорчиёни ғайриқонунӣ ба пои қафои вай осеб расонд: агар он аз рӯи маълумотҳои доми аксбардор ёфт намешуд, гурбаи калон амалан ҳеҷ имкони зинда мондан дар табиатро надошт.

Дар Красноярск Аксаро ҷарроҳӣ карданд: бофтаи мурда аз панҷаи осебдидаашро гирифта, захмро дӯхтанд.

Наҷоти бабри барфӣ дар Бадахшон

Ҳоло Аксаи зебо дар боғи "Роев Ручей" зиндагӣ мекунад. Агар соҳибони боғи ҳайвонот ба ӯ шарик  ёбанд, пас метавон ба афзоиши ҷинси бабри барфӣ умедвор шуд.