Мактабҳо дар вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ дар Хатлон

Дар бархе аз навоҳии ҷанубии Тоҷикистон талабаҳо ҳанӯз ҳам дар вагонҳою хонаҳои шахсӣ таҳсил мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв – Sputnik. Дар вилояти Хатлон ҳоло ҳафт муасисаи таълимӣ ва филали онҳо дар хонаҳои шахсӣ, вагон ва дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, хабар додааст сомонаи “Фараж”.

“Маблағгузорӣ мушкил, мардум кумак кунад”: вокуниши Ҳукумат ба навори мактаби куҳна-видео

Манбаъ аз қавли Баҳриддин Ҳалимов, мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилояти Хатлон, иттилоъ дод, ки дар аввали соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 21 муассисаи таълимӣ дар хона, вагон ва дар ҳолати садамавӣ буданд.

Ваъдаи Бег Сабур барои таъмини алоқаи мобилӣ ба як деҳаи дурдасти Бадахшон

“То охири соли 2020-ум 15 адади он аз хона, вагон бароварда шуда, ҳоло 7 адади дигар боқӣ мондаст”, - изҳор доштааст Ҳалимов.

Гуфта шудааст ин гуна мактабу филалҳое, ки дар вагон, хона ва ҷойҳои ҷаъиятӣ қарор доранд, дар ноҳияи Балҷувон, Муъминобод, Ховалинг, Панҷ ва Кӯшониён ҷойгир мебошанд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳо ва Раёсати морифи вилоят талош доранд, ки то охири соли 2021 пурра мактабҳоро аз вагон, хонаҳои шахсӣ ва аз ҳолати садамавӣ бароранд”, - таъкид кардааст Баҳриддин Ҳалимов.