Коронавирус ҳам монеа нашуд: сафари 330 ҳазор сайёҳи тоҷик ба Ӯзбекистон дар соли 2020

Дар соли 2020 беш аз 330 ҳазор аз атбои Тоҷикистон ба унвони сайёҳ ба Ӯзбекистон сафар кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Сафари сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона дар муқоиса бо соли 2019 наздик ба 78 дарсад коҳиш ёфтааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба сомонаи Комитети давлатии омори Ӯзбекистон.

Дар 11 моҳ беш аз 56 ҳазор сайёҳ аз Хуҷанд дидан кардаанд

Гуфта мешавад, ки байни кишварҳои ҳамсоя аз ҳама бештар қирғизҳо ба теъдоди 508 ҳазор нафар ба унвони сайёҳ дар соли 2020 вориди Ӯзбекистон шудаанд.

Дар мақоми дувуми қаззоқҳо қарор доранд, ки 421 ҳазор нафар ба Ӯзбекистон дар соли 2020 сафар кардаанд.

Атбои Тоҷикистон низ бо 330 ҳазор нафар дар радифи сеюм қарор гирифтаанд.

Аммо дар соли 2020 ва умдатан то замони оғози густариши Ковиди 19 ва баста шудани марзҳо 410 ҳазор хориҷӣ ба Тоҷикистон ба унвони гардишгар сафар кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 909 ҳазор нафариро нишон медиҳад.

Аксар ин гардишгарон атбоъи Ӯзбекистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Туркия, Чин, Эрон ва Амрико будаанд.